пятница, 21 марта 2008 г.

Navrooz At school

Чашни Навруз дар байни мардумони ориёи таърихи зиёда аз шашхазорсола дорад. Ин чашн дар байни точикон се хазор сол то пазируфтани Кеши зардушти вучуд доштааст.Дар даврони шохони Хахоманиши, Ашкони ва хосатан Сосони дар байни мардумони ориёи чашни Навруз Бо бисер маросиму одатхои ачиб баргузор мегардид. Баъдитааррузи аъроб пазируфтани Ислом дар сарзамин чашни Навруз, оинхои он дар байни кавмхои эрони, аз чумла точикон кохиш ефта, сипас охиста-охиста он боз чои худро гирифт.Бо гузашти айеми Навруз ба дини ислом созгор омад. Мардумони Вароруд, Хуросони Бузург ва дигар кисматхои Эрон хангоми хони «Хафтсин»-ро оростан, ки он табдили номи «Хафтшин»-и бостони аст, ба хотири шароб, ки яке аз ашеи «Хафтшин» буд ва тибки оини ислом истеъмолаш мамнуъ аст, «Хафтсин»-ро мегустурданд. Хони наврузии «Хафтсин» иборат буд аз хурданиву ашеи зайл: сипанд, себ, сирко, сумок (сумокро дар баъзе махалахои Точикистон каракот ва зелол хам мегуянд), суманак (сабза ва таъомаш якчоя) ва санчид. Хангоме ки Сухан аз раками хафт меравад, бояд тазаккур дод, ки мардумони эронитабор тасаввур доштанд, ки дар замири ин ракам мукаддасоти имшоспанд, - хафт малаки хафт табакаи осмонро посбони мекардаанд, намегузоштанд, Ахриман торикиро тавлид намояд.

Навруз шуду лолаи хушранг баромад,
Бубул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мургони хаво чумла бикарданд парвоз,
Мурги дили ман аз кафаси танг баромад.

Here is a picture of Navroozi daastarhan with Haft seen and haft sheen dishes.

1 комментарий:

Ibrahim комментирует...

Hi Zebo and all students in Sarband!

Congratulations on creating such a useful blog about our national holiday Navruz!

I am very pleased to witness how you use such tools like blogs to improve your skills and learning. Without any doubt, you will all master and like publishing content content online!

Once again I congratulate you and wish you good luck in Navruz!

Best wishes,

Ibrahim