понедельник, 30 июня 2008 г.

Рузи Забони Точики

«Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат сохиб ва пуштибони забонанд.Забон омили асосии давлат аст Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар панохи якдигаранд».
/Эмомали Рахмон/.
Забони модарии ман! Ту сарвати ман, ганчинаи ман хасти. Ту давои дардхои дили мани. Ман дили сурудпарваре дорам ва ин дил садое дорад. Ин садо туи, забони мадарии ман!...
Забони точикии мо ширинтарин, равонтарин забони дунё махсуб меёбад. Дар ин бора Мухаммад Икбол фармуд:
Гарчи хинду дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дари ширинтар аст,
Оре, забони форси-точик, ки форси-дари низ хонандаш ва мо ифтихормандем, ки вориси чунин бузург ва миллати тамаддунсоз хастем:
Форси гуи, дари гуи варо,
хар чи мегуи, бигу,
Лафзи шеъру дилбари гуи варо,
хар чи мегуи, бигу,
Бахри ман танхо забони модарист,
хамчу шири модар аст.
Бахри у ташбехи дигар нест, нест,
чунки мехри модар аст.
ЮНЕСКО соли 1999 тасмим гирифт, ки 21-феврал Рузи чахонии забони модари эълон шавад. Максад аз таъсиси Рузи забони модари ин аст, ки аз байн забонхо пешгири ва решаи забонхо устувор гардад.
Забони модариро, ки дар олам,
Чу шири модарон поку зулол аст.
Касеаш пок дорад, пок бошад,
Хаьон фарзанд фарзанди халол аст.
Забони модари пайвандгари дирузу имрузу фардои мост. Бахри сазовор пешвоз гирифтани чунин чашнхои мукаддас-Соли забони точики ва 1150-солаги зодрузи устод Рудаки хамаи кушишу гайратамонро равон месозем.
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвохи гузаштагони худ шод кунед.
То харф занад ба точики тифли шумо,
Дунёи варо точики бунёд кунед.
«Забони модари»
Чу шеъри Рудаки зебост,
Чу мусики фарахафзост.
Дар олам аз хама ширин,
Забони модарии мост.
Забони назми пурхикмат,
Забони давлату миллат.
Зи ачдодон барои мо
Бувад он бехтарин сарват…
/Бобо Хочи/.

Комментариев нет: