среда, 4 июня 2008 г.

Ман ва табиат

Инсон худ зодаи табиат буда, аз мухити зист чудонашаванда аст. Табиате, ки моро ихота кардааст аз мав-
чудоти зинда ва гайри зинда иборат мебошад, ки онхо бо
хам алокаманданд. Зеро мавчудоти зинда (растани, хайвонот ва
одам) бе табиати гайризинда (об, хок, хаво ва равшанию гармии Офтоб, Мохтоб, ситорахо) худро тасаввур карда наметавонад.
Албатта табиат худ афсона аст боре тасаввур кардаед, ки
хангоме ба сахро ба сайру гашт мебароед мебинед, ки чи гуна манзараи зебо дорад табиат, чи гунна растанихои гуногун руидаанд, хангоме, ки ба куча мебароем одамони зиёдеро мушохида мекунем, ки ба сайру гашт, ба бози машгул хастанд.
Хангоме, ки ба хаво менигарем чи гунна хаво софу бегубор ва
чигуна зебост, хангоме, ки ба об менигарем ва ба садояш
гуш медихем чи гунна садои дилнишине бароварда шаррос-
занон чори мешавад, хангоме ба хок менигарем ва бо панчаамон зарраи хокро мебардорем ва даме ба андеша рафта мегуем, садбор шукр, ки Парвардигор ба мо хок ато кардааст,
хангоме, ки хок намебуд мо инсонхо, хайвоноту набототу рас-
Тани аз кучо пайдо мешудем, худ казоват кунед оне, ки ин навиштачотро мехонед…
Бинобар хамин мо одамон бояд дустдори табиат бошем, чунки табиат хаст мо инсонхо зиндагиамонро пеш бурда истодаем.
Ва ман хамчун шахрванди ЧТ ба чавонон мурочиат карда гуфтаниям, ки мо чавонони имрузу фардои Т-они азиз бояд кушиш ба харч дихем,ки табиати экологии худро тозаю озода нигох дорем. Ва номи бузурги Точикистони азизамонро дар арсаи олам баланд бардорем.

Комментариев нет: