понедельник, 30 июня 2008 г.

Рузи Забони Точики

«Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат сохиб ва пуштибони забонанд.Забон омили асосии давлат аст Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар панохи якдигаранд».
/Эмомали Рахмон/.
Забони модарии ман! Ту сарвати ман, ганчинаи ман хасти. Ту давои дардхои дили мани. Ман дили сурудпарваре дорам ва ин дил садое дорад. Ин садо туи, забони мадарии ман!...
Забони точикии мо ширинтарин, равонтарин забони дунё махсуб меёбад. Дар ин бора Мухаммад Икбол фармуд:
Гарчи хинду дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дари ширинтар аст,
Оре, забони форси-точик, ки форси-дари низ хонандаш ва мо ифтихормандем, ки вориси чунин бузург ва миллати тамаддунсоз хастем:
Форси гуи, дари гуи варо,
хар чи мегуи, бигу,
Лафзи шеъру дилбари гуи варо,
хар чи мегуи, бигу,
Бахри ман танхо забони модарист,
хамчу шири модар аст.
Бахри у ташбехи дигар нест, нест,
чунки мехри модар аст.
ЮНЕСКО соли 1999 тасмим гирифт, ки 21-феврал Рузи чахонии забони модари эълон шавад. Максад аз таъсиси Рузи забони модари ин аст, ки аз байн забонхо пешгири ва решаи забонхо устувор гардад.
Забони модариро, ки дар олам,
Чу шири модарон поку зулол аст.
Касеаш пок дорад, пок бошад,
Хаьон фарзанд фарзанди халол аст.
Забони модари пайвандгари дирузу имрузу фардои мост. Бахри сазовор пешвоз гирифтани чунин чашнхои мукаддас-Соли забони точики ва 1150-солаги зодрузи устод Рудаки хамаи кушишу гайратамонро равон месозем.
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвохи гузаштагони худ шод кунед.
То харф занад ба точики тифли шумо,
Дунёи варо точики бунёд кунед.
«Забони модари»
Чу шеъри Рудаки зебост,
Чу мусики фарахафзост.
Дар олам аз хама ширин,
Забони модарии мост.
Забони назми пурхикмат,
Забони давлату миллат.
Зи ачдодон барои мо
Бувад он бехтарин сарват…
/Бобо Хочи/.

пятница, 27 июня 2008 г.

Сулху Вахдат.

Он кадар бар ман азизи, эй Ватан,
Очиз андар васфи ту бошад сухан.

Мехри покат дар дилам маъво гирифт,
Нур шуд, дар дидагонам чо гирифт.

Бе ту ман чун мурхи беболу парам,
Сояи мехрат нигахбони Сарам.


Модари яктои ман дилчуи ман,
Дар канорат бахт хандад суи ман.
Бо ту бошам сарбаланду сарфароз,
Бар касеву бар хасе н-орам ниёзъ
Чумла фарзандони бо орам Ватан,
Ёр гаштанду мададгорат Ватан.
Шуълаи чанг окибат хомуш шуд,
Халки механ ёру хамогуш шуд.

Сулху вахдат то абад поянда бод,
Мехри механ дар дил афзоянда бод
Камоли Суфиён

среда, 25 июня 2008 г.

Рузи Вахдат муборак


Сулху вахдат- хамдиёрон, зинда бод,
Сулху вахдат-хамзамонон зинда бод.
Сулху вахдат-ин шиори миллатам,
Сулху вахдат- гиру дори давлатам.
Сулху вахдат-орзуи точикон
Сулху вахдат-обруи точикон.

среда, 4 июня 2008 г.

Ман ва табиат

Инсон худ зодаи табиат буда, аз мухити зист чудонашаванда аст. Табиате, ки моро ихота кардааст аз мав-
чудоти зинда ва гайри зинда иборат мебошад, ки онхо бо
хам алокаманданд. Зеро мавчудоти зинда (растани, хайвонот ва
одам) бе табиати гайризинда (об, хок, хаво ва равшанию гармии Офтоб, Мохтоб, ситорахо) худро тасаввур карда наметавонад.
Албатта табиат худ афсона аст боре тасаввур кардаед, ки
хангоме ба сахро ба сайру гашт мебароед мебинед, ки чи гуна манзараи зебо дорад табиат, чи гунна растанихои гуногун руидаанд, хангоме, ки ба куча мебароем одамони зиёдеро мушохида мекунем, ки ба сайру гашт, ба бози машгул хастанд.
Хангоме, ки ба хаво менигарем чи гунна хаво софу бегубор ва
чигуна зебост, хангоме, ки ба об менигарем ва ба садояш
гуш медихем чи гунна садои дилнишине бароварда шаррос-
занон чори мешавад, хангоме ба хок менигарем ва бо панчаамон зарраи хокро мебардорем ва даме ба андеша рафта мегуем, садбор шукр, ки Парвардигор ба мо хок ато кардааст,
хангоме, ки хок намебуд мо инсонхо, хайвоноту набототу рас-
Тани аз кучо пайдо мешудем, худ казоват кунед оне, ки ин навиштачотро мехонед…
Бинобар хамин мо одамон бояд дустдори табиат бошем, чунки табиат хаст мо инсонхо зиндагиамонро пеш бурда истодаем.
Ва ман хамчун шахрванди ЧТ ба чавонон мурочиат карда гуфтаниям, ки мо чавонони имрузу фардои Т-они азиз бояд кушиш ба харч дихем,ки табиати экологии худро тозаю озода нигох дорем. Ва номи бузурги Точикистони азизамонро дар арсаи олам баланд бардорем.

Таътили Тобистон

Мактаб тамом шуд. таътили тобистона сар шуд.Ин яке аз таътилхои дароз муддат мебошад ,ки се мохро дар бар мегирад. Дар вакти таътил хар кас хар гуна истирохат мекунад. Баъзехо ба сайёхат мераванд, баъзехо дар хона мешинаду китобхои шавкорвар мехонанд.